Изучение Созидательного Слова.

Омӯзиши Каломи Созанда

Баҳоиён боварӣ доранд, ки ҳар як инсон бузургвор офарида шудааст ва мақсади ҳаёт дар пешбарии тамаддуни доимо рушткунанда аст. Ҳамин тавр, ба ҳар як инсон имконият дода мешавад, ки шаҳрванди меҳрубони кишвари худ гардад ва дар беҳбудии ҷомеае, ки дар иҳотааш аст, саҳм гузорад. Ин тавонмандӣ ба воситаи  омӯзиши Каломи Созанда, ки дар Осорҳои Муқаддаси динҳо мавҷуд аст, метавон ошкор  кард.

Андешаронӣ дар бораи иқтибосҳо аз Осор дар фазои шодиву рӯҳбаландӣ дар танҳои ва ҳамчунин бо аъзоёни оила, ҳамсояҳо, дӯстону наздикон гузаронида мешавад. Ҳар як иштирокчии чунин омӯзиш ғарқи маънои Каломи Худо гардида, фикру мулоҳизаҳои худро озодона мубодила мекунад, маълумоти омӯхтаашро бо таҷрибаи ҳаёти шахсии худ ва ҳаёти ҷомеа муқоиса намуда, гуфтори дигар иштирокчиёнро бодиққат гӯш мекунад, назарияи худро ғанитар гардонида, дар фаҳмиши худ оиди мавзӯи омӯхташаванда пешрафт мекунад. Чунин таҷрибаи  мустақилона омӯхтани воқеият дар набудани “доноён” ва “ноогоҳон” боварии катъии иштирокчиёнро барои фахмидани масъалаҳои амиқ, ба ӯҳда гирифтани масъулияти ояндаи худ ва инчунин қобилиятҳо ва сифатҳои маънавие, ки ба шукуфоии кишвар ва мардумонаш заруранд, инкишоф медиҳад. Иштирокчиён нерӯҳои созандаи озодшударо барои хидмат ба мардумони гирду атроф равона намуда, бо онҳо дар саъйю кӯшишҳои беҳбудии ҷомеа, муттаҳид мешаванд.

Мутолиа намудани Осори Муқаддас, ҳар рӯз, ҳадди аққал  дар субҳ ва шом – яке аз аҳкомҳои муҳимтарини Таълимот аст.

Ба ростӣ, он касе, ки нахонд ба Аҳди Худованд ва Мисоқи Ӯ вафо накард. Он касе, ки Имрӯз аз ин Амр гардонид, аз он касонест, ки аз оғози беоғоз, аз Худо рӯй гардонидаанд. Битарсед аз Худо, эй бандагони Ман, ҳар як ва ҳама.”  – Баҳоуллоҳ.

Аммо мутолиаи Осор аз хондани ҳазорон саҳифаҳое, ки аз пеши назари шахси таҳсилкарда дар тӯли умраш мегузаранд, фарқ дорад. Хондани Каломи Муқаддас маънои нӯшидан аз уқёнуси Ваҳйи Илоҳиро дорад. Он ба фаҳмиши ҳақиқии маънавӣ мерасонад ва барои тараққии рӯҳ қувва медиҳад. Аммо, барои расидан ба фаҳмиши дурусти ҳар як баён инсон бояд дар бораи маънои он амиқ фикр кунад ва чӣ гуна дар ҳаёти худ ва дар ҳаёти ҷомеа амал намояд. Барои дар амал татбиқ намудани малакаҳо ва қобилиятҳо, баҳоиён барномаҳои омӯзишӣ барои одамони касбу кори гуногуни ҷомеа, пешкаш менамоянд.