Нигоҳ ба таълим ва тарбия

Нигоҳ ба таълим ва тарбия

Се намуди таълимот ва тарбият вуҷуд дорад: ҷисмонӣ, гуманитарӣ ва маънавӣ. Тарбияи ҷисмонӣ ба инкишофи бадан равона карда шудааст. Омӯзиши гуманитарӣ ба тамаддун ва пешрафт алоқа дорад. Он ба идоракуниву фаъолияти маъмуриятӣ, хайрия, санъату ҳунарҳо, илм ва ихтирооту кашфиётҳои бузург рабт дорад. Омӯзиши маънавӣ роҳи расидан ба камолоти Илоҳӣ мебошад. Ин омӯзиши ҳақиқӣ аст, зеро он ба инкишофи табиати олии инсон мусоидат мекунад.

Ҳама бояд имконият дошта бошанд, ки таълиму тарбияи мукаммал гиранд. 

Барои рушд ёфтан инсоният ба омӯзгоре эҳтиёҷ дорад, ки дорои салоҳияти беандозаи соҳаи омӯзиши гуманитарӣ, ҷисмонӣ ва маънавӣ бошад. Вақте ки  касе мегӯяд, “ман ақли комил дорам ва ба ин гуна омӯзгор эҳтиёҷ надорам”, вайамривозеҳу равшанро рад мекунад. Ин ба он монанд аст, ки агар кӯдак гӯяд: “Ба ман омӯзиш лозим нест, ман дар ҳама чиз бо ақли худам амал мекунам ва ба камол мерасам”. Насли одамизод ҳамеша ба чунин омӯзгори комил, ки дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба ғизову саломатӣ кӯмак мекард, илҳомбахши комёбӣ дар соҳаи дониш ва кашфиёту ихтироот мегардид ва аз ҳама муҳимтар ҳаёти онҳоро саршор аз рӯҳияи ҳақиқӣ менамуд, ниёз дошт. Аммо, инсони оддӣ чунин масъалаҳои бениҳоят душворро ҳал карда наметавонад. Ба амалӣ намудани чунин амр танҳо Мазоҳири зуҳури Илоҳӣ қодиранд. Гоҳ гоҳ Худованд Рӯҳҳои баргузидаро мефиристад, ки барои инсоният Таълимдиҳандагони Ҷаҳоншумул мешаванд.