Баҳоиёни Тоҷикистон

Баҳоиёни Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як мақсад муттаҳид ҳастанд – ба ҷомеа хизмат намуда, барои беҳбудӣ ва шукуфоии кишвар кору фаъолият мебаранд.

 Барои ноил шудан ба ҳадафҳои олии маънавӣ, мо бояд тарзи таҳаввул додани худ ва саҳмгузорӣ барои беҳбудии ҷомеаи худ ёд гирем:

– ин ҳадаф дар сатҳи инфиродӣ ба кашфу рушди қобилиятҳои бузурги имконпазири  худ, ба хислату истеъдодҳои маънавӣ, ки ҳамчун гавҳари бебаҳо дар  қаъри баҳр дар мо нуҳуфтаанд, равона гардидааст.

– дар сатҳи ҷомеа ин мақсад – бахшидани инсон дар дастгирии некӯаҳволии авлоди башар,  зоҳир мегардад.

“Инсони ҳақиқӣ танҳо касест, ки айни замон худро ба   хизмати тамоми насли башар бахшидааст”.

Баҳоуллоҳ

Ҳадафҳои дар боло зикршуда дуҷониба ва ҷудонопазир мебошанд, зеро рафтор ва хислати фард дар зери таъсири муҳити атрофи ӯ ва сохторҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбад ва ҳамзамон худи инсон ба муҳити атрофаш таъсир мерасонад. Дарки ин алоқаи ҷудонашаванда байни  рушди фардӣ ва пешрафти сохторҳои иҷтимоӣ барои шукуфоии кишварамон ва умуман инсоният арзиши асосӣ дорад.

“Имрӯз,  рӯҳияи худро пок нигоҳдоштан, аз одатҳои бад раҳойӣ ёфтан ва рафтори худро ба самти беҳбуд тағйир додан, ҳаётан муҳим ва зарур аст.”

Баҳоуллоҳ