Бахаулла и Его Завет.

Аҳд ва Паймонашон

Дини баҳоӣ аз рисолате, ки Худованд ба ду Паёмоварони Муқаддас – Боб ва Баҳоуллоҳ супорида буд, оғоз ёфт. Имрӯз ваҳдати беназири Таълимоти аз тарафи Онҳо таъсис додашуда, аз дастуроти ҳазрати Баҳоуллоҳ, ки идомаи  мустаҳкам кардани аҳдупаймон пас аз даргузашташон фароҳам меоранд, сарчашма мегирад.  Паймони мустаҳками пайдарпай, ки Аҳд номида мешавад, пас аз Ҳазрати Баҳоуллоҳ ба писари бузургашон Ҳазрати Абдул-Баҳо, сипас ба набераи Ҳазрати Абдул-Баҳо – Ҳазрати Шавқӣ Эфендӣ ва ба Байт-ул Адли Аъзам, ки Ҳазрати Баҳоуллоҳ пешакӣ муқаррар фармуда буданд, гузашт. Баҳоиён Зуҳури Илоҳии Ҳазрати Боб, Ҳазрати Баҳоуллоҳ ва ворисони таъйиншудаи Онҳоро эътироф менамояд. 

Ҳазрати Боб

(1819-1850)

Ҳазрати Боб  Башоратдиҳандаи Таълими Баҳоӣ мебошанд. Дар миёнаи асри 19 Ҳазрати Боб эълон карданд, ки Паёмро барои тағйир додани ҳаёти маънавии инсоният оварданд. Рисолати Ӯ аз омода кардани роҳ барои омадани Паёмбари ояндаи Худованд, ки ба  даврони сулҳу адолат асос мегузорад, иборат буд.

Подробнее…

Ҳазрати Баҳоуллоҳ

(1817-1892)

Ҳазрати Баҳоуллоҳ – “Шукӯҳ ва Ҷалоли Худованд” ҳамон Ваъдашудае мебошанд, ки Ҳазрати Боб ва тамоми Паёмбарони Илоҳии гузашта аз омаданашон башорат дода буданд. Ҳазрати Баҳоуллоҳ Мазҳари Зуҳури нави Илоҳӣ барои башарияти имрӯзаанд. Ҳазорон осор, алвоҳ, паёмҳо ва китобҳо аз қаламашон нозил шуданд.   Ҳазрати Баҳоуллоҳ дар Осорашон нақшаи умумии рушди тамаддуни ҷаҳониро, ки ҳам ҷанбаҳои маънавӣ ва ҳам моддии ҳаёти инсонро дар назар мегиранд, тарҳрезӣ фармудаанд.

Подробнее…

Ҳазрати Абдул-Баҳо

(1844-1921)

Дар Васиятнома  Ҳазрати Баҳоуллоҳ писари аршади Худ, Ҳазрати Абдул-Баҳоро тафсиркунандаи Таълимоти Худ ва Маркази  Аҳду Паймони Илоҳӣ  таъйин карданд. Дар тамоми шарқу ғарб ҳазрати Абдул-Баҳо – намунаи Аълои Таълими Баҳоӣ, ҳамчун Сафири сулҳ ва шахсе, ки дар Он тамоми фазилату неккирдорӣ таҷассум ёфтаанд, маъруф ва муътабар гаштанд.

Подробнее…

Ҳазрати Шавқӣ Раббонӣ

(1897-1957)

Ҳазрати Абдул-Баҳо дар васиятномаи Худ набераи аршади Худ, Шавқӣ  Раббониро   Валии Амр ва Мубайини Таъолими Баҳоӣ таъйин фармуданд.

Валии Амруллоҳ 36 сол ба таври муназзам ба парвариш, густариш, тазйиди маълумот ва тақвияти ваҳдати ҷомеаи баҳоӣ, ки  афзоиши гуногунии тамоми нажоди инсониро инъикос мекард, бахшиданд.

Подробнее…

Байт- ул- Адли Аъзам

(соли 1963 таъсис ёфтааст)

Рушди Таълимоти Баҳоӣ дар ҷаҳони имрӯза аз тарафи ҳидояти Байт-ул-Адли Аъзам аст. Дар Китоби Худ Ҳазрати Баҳоуллоҳ ба Байт-ул-Адли Аъзам дастур доданд, ки ба беҳбудии ҳаёти инсонӣ, пешравии соҳаи омӯзиш, сулҳ ва шукуфоии умумиҷаҳонӣ мусоидат кунанд ва шаъну эътибори инсон ва мавқеи динро ҳифз кунанд.

Подробнее…