Баҳоиёни Тоҷикистон

Баҳоиёни Тоҷикистон

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як мақсад муттаҳид ҳастанд – ба ҷомеа хизмат намуда, барои беҳбудӣ ва шукуфоии кишвар кору фаъолият мебаранд.

 Барои ноил шудан ба ҳадафҳои олии маънавӣ, мо бояд тарзи таҳаввул додани худ ва саҳмгузорӣ барои беҳбудии ҷомеаи худ ёд гирем:

– ин ҳадаф дар сатҳи инфиродӣ ба кашфу рушди қобилиятҳои бузурги имконпазири  худ, ба хислату истеъдодҳои маънавӣ, ки ҳамчун гавҳари бебаҳо дар  қаъри баҳр дар мо нуҳуфтаанд, равона гардидааст.      – дар сатҳи ҷомеа ин мақсад – бахшидани инсон дар дастгирии некӯаҳволии авлоди башар,  зоҳир мегардад.

“Имрӯз инсон касе аст, ки ба хидмати тамоми мардумони рӯи замин бархезад. Хушо ба ҳоли касе, ки ба хидмати инсоният бархост”.

Баҳоуллоҳ   

подробнее…

Нигоҳ ба таълим ва тарбия

Се намуди таълимот ва тарбият вуҷуд дорад: ҷисмонӣ, гуманитарӣ ва маънавӣ. Тарбияи ҷисмонӣ ба инкишофи бадан равона карда шудааст. Омӯзиши гуманитарӣ ба тамаддун ва пешрафт алоқа дорад. Он ба идоракуниву фаъолияти маъмуриятӣ, хайрия, санъату ҳунарҳо, илм ва ихтирооту кашфиётҳои бузург рабт дорад. Омӯзиши маънавӣ роҳи расидан ба камолоти Илоҳӣ мебошад. Ин омӯзиши ҳақиқӣ аст, зеро он ба инкишофи табиати олии инсон мусоидат мекунад.

Ҳама бояд имконият дошта бошанд, ки таълиму тарбияи мукаммал гиранд.

подробнее…

Оила

Аз ибтидои таърих ҷамият оиларо ҳамчун пойгоҳи ташкилоти хурд дида мебаромад. Оила фазои иҷтимоиест, ки дар он инсон барои мубориза бо мушкилиҳои зиндагӣ омода мешавад. Дар хонавода одамон дӯст доштан, сабр ва тоқатпазир будан ва одилона рафтор карданро ёд мегиранд. Арзишҳои мусбате, ки моро дар давоми умрамон бояд ҳидоят кунанд, асосан дар солҳое, ки мо дар зери ҳимояи оилаи худ зиндагӣ мекунем, ташкил меёбанд ва то чӣ андоза бо дигарон муносибатҳои солим барпо карда тавонистанамон ҳам қариб комилан дар ин давраи бағоят муҳим муайян мегардад.  Бадбахтона, маҳз дар оила мо дар зери таъсири ҳалокатовар қарор мегирем – майли беадолат будан, бераҳмона рафтор намудан, ҳиссиёти меҳрубониро фурӯ нишондан , эҳсоси тарсу ҳарос доштан, хурофотпараст будан, бартарӣ доштан аз дигарон ва аз ҳад зиёд худбин будан.  Ин одатҳои дар оила ташаккул ёфта ба ҳамаи робитаҳои иҷтимоӣ таҳвил дода мешаванд ва ба пешрафт монеъ шуда оҳиста-оҳиста тору пуди ҷомеаро пора-пора мекунанд.

подробнее…

Дуо ва муноҷот

Абдул-Баҳо мефармоянд, ки дуо гуфтугӯ бо Худованд аст. Вақте ки мо дуо мехонем, бо Худо сӯҳбат мекунем. Агар касе шахси дигарро аз самими қалб дӯст дорад, орзӯи қалбии ӯ он аст, ки  дар назди маҳбубаш бошад ва бо ӯ сӯҳбат кунад. Дуои мо низ сӯҳбати ошиқона бо Холиқи худ ва Худованди Ягона аст. Дар ҳангоми дуо мо, ки заиф ва нотавон ҳастем, метавонем аз Худованди Муқтадир ва Тавоно, дар ниҳояти илтиҷо  ва илтимос, талаби ёрӣ намоем. Ба василаи дуо ва муноҷот, ки дар ниҳояти хулус ва сафо тиловат  мешавад, мо ба Ҳақ наздик мегардем ва ба Лиқои Илоҳӣ фоиз мешавем.

Расули Худо Ҳазрати Мухаммад фармудаанд, намоз мисли нардбонест, ки осмонҳову заминро мепайвандад ва ба воситаи  он мо ба биҳишт расида метавонем

подробнее…

Омӯзиши Каломи Созанда

Баҳоиён боварӣ доранд, ки ҳар як инсон бузургвор офарида шудааст ва мақсади ҳаёт дар пешбарии тамаддуни доимо рушткунанда аст. Ҳамин тавр, ба ҳар як инсон имконият дода мешавад, ки шаҳрванди меҳрубони кишвари худ гардад ва дар беҳбудии ҷомеае, ки дар иҳотааш аст, саҳм гузорад. Ин тавонмандӣ ба воситаи  омӯзиши Каломи Созанда, ки дар Осорҳои Муқаддаси динҳо мавҷуд аст, метавон ошкор  кард.

подробнее…