Шоги Эффенди.

Ҳазрати Шавқӣ Раббонӣ

(1897-1957)

Ҳазрати Абдул-Баҳо дар васиятномаи Худ набераи аршади Худ, Шавқӣ  Раббониро   Валии Амр ва Мубайини Таъолими Баҳоӣ таъйин фармуданд.

Валии Амруллоҳ 36 сол ба таври муназзам ба парвариш, густариш, тазйиди маълумот ва тақвияти ваҳдати ҷомеаи баҳоӣ, ки  афзоиши гуногунии тамоми нажоди инсониро инъикос мекард, бахшиданд.

  Ҳазрати Баҳоуллоҳ барои ба ҳадаф расонидани  сохтани ҷаҳони муттаҳид ва инчунин пойдор мондани ваҳдати ҷомеаи баҳоӣ – Писари аршади Худ, Ҳазрати Абдул-Баҳоро Маркази Аҳди Худ таъйин намуда, ба таъсиси Байт-ул-Адли Аъзам дастур фармуданд. Дар навбати худ, Ҳазрати Абдул-Баҳо принсипҳои фаъолияти Байт-ул-Адли Аъзамро муқаррар намуданд ва фармуданд, ки пас аз даргузашташон, баҳоиён бояд ба набераи калонашон Шавқӣ Раббонӣ, ки ӯро Валии Амруллоҳ номиданд, бояд муроҷиат кунанд. Ҳам ба Байт-ул-Адли Аъзам, ҳам ба Валии Амруллоҳ дастур дода шуд, ки принсипҳоро дар амал татбиқ намоянд, иҷрои қонунҳоро ворид кунанд, ташкилот ва муассиҳои амриро ҳифз кунанд ва Амри Баҳоиро ба талаботи ҷомеаи доимо рушдёбанда мувофиқ созанд. Ҳазрати Шавқӣ Раббонӣ дар давоми 36 сол, бо дурандешии шигифтангез, хирадмандӣ ва садоқат ба таври муназзам,  афзоиши рушд, тазйиди маълумот  ва пойдории ваҳдати ҷомеаи Баҳоӣ, ки гуногунрангии тамоми насли башариятро инъикос менамуд, тақвият мекард. Бо ҳидояти Шавқӣ Раббонӣ низоми беназири аз ҷониби ҳазрати Баҳоуллоҳ барои идоракунии умури ҷомеаи баҳоиён тарҳрезишуда ба суръат дар саросари ҷаҳон густариш пайдо намуд. Валии Амруллоҳ бисёре аз Осори баҳоиро ба забони англисӣ тарҷума карданд, Маркази рӯҳонӣ ва умури идории ҷомеаи Баҳоиёнро дар Замини Муқаддас бунён намуданд ва тавассути ҳазорон мактубҳои навиштаи Худ фаҳмиши амиқи ҷанбаҳои маънавии тамаддун ва динамикаи тағироти иҷтимоиро фароҳам оварда, биниши таъсирбахши ояндаро, ки инсоният ба он ҳаракат мекунад, ошкор намуданд.

“Аз дастовардҳои сершумор ва тарзи роҳбарияти Валии Амруллоҳ, ки  қувва ва қобилияҳои нуҳуфтаи (хобида) мардуми оддиро бедор мекард, ҳама  дар ҳайрат  буданд.” –   Дэвид Ҳофман ( David Hofman), нависанда ва рӯзноманигори радио.