ТАЪРИХИ ДИН ДАР ТОҶИКИСТОН

ТАЪРИХИ ДИН ДАР ТОҶИКИСТОН

Дини Баҳоӣ дар Тоҷикистон дар аввали қарни 20-ум, вақте ки аввалин баҳоиён омада буданд, пайдо шудааст. Дар низоми шӯравӣ, ҷудошавии дин аз ҳокимият фаъолияти баҳоиёнро ҳамчун ташкилоти динӣ боздошт. Вале оилаҳои баҳоӣ зиндагӣ, таҳсил ва кори худро дар кишвар идома медоданд.

Баъд аз Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” қабул карда шуд. Дар асоси қонуни мазкур Маҳфили Рӯҳонии Миллии Баҳоиёни Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори №349 аз 1 декабри соли 1997 ба қайд гирифта шудааст. Маҳфили Рӯҳонии Миллии Баҳоиёни Тоҷикистон дар асоси Оиннома фаъолият намуда, роҳбарикунандаи тамоми баҳоиҳои Тоҷикистон мебошад. Тибқи тағйиру иловаҳо дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, Маҳфили Рӯҳонии Миллии Баҳоиёни Тоҷикистон соли 2009 аз нав бақайдгиии давлатӣ гузашт. Баҳоиёни Тоҷикистон тавассути амалҳои мушаххасе, ки дар маҳаллаҳо, деҳаҳо ва ҷамоатҳои онҳо андешида мешаванд, кӯшиш мекунанд, ки баҳри рушди ҷомеа дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ саҳмгузор бошанд.