ОИЛА

ОИЛА

Аз ибтидои таърих ҷамият оиларо ҳамчун пойгоҳи ташкилоти хурд дида мебаромад. Оила фазои иҷтимоиест, ки дар он инсон барои мубориза бо мушкилиҳои зиндагӣ омода мешавад. Дар хонавода одамон дӯст доштан, сабр ва тоқатпазир будан ва одилона рафтор карданро ёд мегиранд. Арзишҳои мусбате, ки моро дар давоми умрамон бояд ҳидоят кунанд, асосан дар солҳое, ки мо дар зери ҳимояи оилаи худ зиндагӣ мекунем, ташкил меёбанд ва то чӣ андоза бо дигарон муносибатҳои солим барпо карда тавонистанамон ҳам қариб комилан дар ин давраи бағоят муҳим муайян мегардад.  Бадбахтона, маҳз дар оила мо дар зери таъсири ҳалокатовар қарор мегирем – майли беадолат будан, бераҳмона рафтор намудан, ҳиссиёти меҳрубониро фурӯ нишондан , эҳсоси тарсу ҳарос доштан, хурофотпараст будан, бартарӣ доштан аз дигарон ва аз ҳад зиёд худбин будан.  Ин одатҳои дар оила ташаккул ёфта ба ҳамаи робитаҳои иҷтимоӣ таҳвил дода мешаванд ва ба пешрафт монеъ шуда оҳиста-оҳиста тору пуди ҷомеаро пора-пора мекунанд.

Дар ин асри гузариш мисли ҳамаи ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ ниҳоди оила низ дар ҳолати бӯҳрон қарор дорад. Арзишҳо ва принсипҳое, ки дар тӯли асрҳо посдори зиндагии оилавӣ буданд, фаромӯш карда мешаванд ва дар натиҷа инсоният фазоеро, ки дар он бунёдгарони ояндаи тамаддуни ҳамеша рушдёбанда бояд парварида шаванд, босуръат аз даст медиҳад. Муносибат ба оила, муносибат ва арзишҳои дохили оила бинобар ворид шудани фарҳанги истеъмол, шахспарастии бебаҳо ва қувваҳои дигари моддигароӣ, ки дар ҷомеа ҳукмфармоянд, дар номутавозинӣ қарор доранд.

Эҳтиёҷе дубора аз назар гузаронидани  базе принсипҳои  ниҳоди оила, ки ба марҳилаи кунунии рушди ҷомеаи инсонӣ мувофиқат мекунанд, возеҳу равшан гардида истодааст. Дар баробари ин, бояд ба касби дониш аҳамияти азим дода шавад ва ин ҳамчун мавзӯи аввалиндараҷаи ғамхории оила ҳисобида шавад. Нақши марказии дониш на танҳо барои оила, балки барои тамоми ҷомеа низ оқибатҳои зиёдеро дар пай дорад. Дар ин замина тарбияи ахлоқии фарзандон мавқеи махсус дорад. Набояд роҳ дод, ки кӯдакон дар ҷаҳони пур аз хатарҳои ахлоқӣ дар ин ҷараён бимонанд. Миллионҳо кӯдакон дар кишварҳои гуногун аз доштани мавқеи худ дар қаринаи иҷтимоӣ маҳрум карда мешаванд. Онҳо новобаста ба он, ки дар шароити дороӣ ё қашшоқӣ зиндагӣ мекунанд, худро ба волидон ва дигар одамони калонсол бегона меҳисобанд. Кӯдакон – ганҷи аз ҳама бебаҳотарине, ки ҳар як ҷомеа метавонад дошта бошад, ба шумор рафта,  умед ва кафолати ояндаро доранд. Онҳо донаҳои хоси  ҷомеаи оянда, ки он  бештар вобаста аз кори  калонсолон нисбати онҳо раво ҳаст ё раво нест, ба бор меоваранд.  Муҳаббати ҳамаҷониба нисбат ба кӯдакон, тарзи муъомила бо онҳо, сифати таваҷҷӯҳ ба онҳо, тарзи рафтори калонсолон нисбат ба онҳо – ҳамаи инҳо ҷанбаҳои муҳимтарини муносибати зарурӣ мебошанд. Муҳаббат,  интизом ва иродаи қавӣ ба душвориҳо одат кунонидани кӯдакон, аз нозунузи онҳо чашм напӯшидан ва онҳоро пурра ба ихтиёри худашон нагузоштанро, талаб мекунад. Гарчанде  мо аҳамияти дар оила тарбия ёфтани онҳоро дарк мекунем, мо бояд аз худ бипурсем – чӣ гуна метавонем дастёбии ҳамаҷониба ба тарбияи ахлоқии мунтазами кӯдаконро таъмин кунем? Чӣ гуна метавонем таъмин намоем, ки меъёрҳои ба кӯдакон омӯхташавандаи принсипҳои асосии ягонагӣ ва адолатро мувофиқат намуда  табиати бузургвори кӯдаконро ба назар гирем?

Шубҳае нест, ки дар ин давраи таърих муҳити аз ҳама муносибе, ки дар он инсон метавонад ба воя расад – оилаест, ки дар он фарзандон бо ҳарду волидон зиндагӣ мекунанд ва ҳамзамон имкони муошират бо аъзои оилаи калон – бобою бибӣ, амаку тағо, аммаю хола, ҷиян ва амакбачаву тағобача, холабачаву аммабачаро доранд. Аммо, барои он ки чунин оила муқаррароти пешакии худро анҷом диҳад, ба он лозим аст, то мувофиқи  ҳамон принсипҳое, ки бояд бунёди тамаддуни ҷаҳонии аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ рушдёфтаро роҳнамоӣ кунанд, амал намояд.