Религия и общество.

Дин ва ҷомеа

Дин ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳандаи пешрафти тамаддун ва рушди инсоният, ҳам ба хислату ахлоқ ва ҳам ба муносибатҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, таъсири бузург дорад.

“Дин воситаи асосии муқаррар кардани тартибот дар рӯйи Замин ва осоиштагии байни одамон мебошад” 

Баҳоуллоҳ

Он пайравони ҳақиқиро “ба  нияти самимӣ, ҳадафҳои олӣ, покӣ ва бенуқсон, меҳрубониву ҳамдардии бепоён, иҷрои аҳдномаҳои басташуда ва ӯҳдадориҳои ба зиммаи худ гирифташуда, ғамхорӣ нисбат ба ҳуқуқҳои дигарон, таҳаммул, адолат дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт, инсонпарварӣ ва хайрхоҳӣ, шуҷоат ва саъю кӯшиши доимӣ барои хидмат ба мардум” меорад.

Дини ҳақиқӣ бояд “ҳамаи қалбҳоро муттаҳид кунад, сабабҳои ҷангҳо ва ихтилофотро аз рӯйи замин шуста барад, маънавиятро тавлид кунад ва ба ҳар қалби инсон ҳаёт ва нур бахшад”.

Ихтилоф ва муноқишаҳои байни мардум бо номи дин ё аз номи дин, хилофи моҳият ва ҳадафҳои аслии дин мебошанд.

“Агар дин сабаби бадбинӣ, адоват ва ҷудоӣ гардад,  набудани он беҳтар аст”

АбдулБаҳо