Ранняя юность

Айёми наврасӣ

… айёми зиндагониро фасли баҳор аст ва ҷилваи беназир. Синни ҷавониро тавоноӣ аст ва айёми ҷавонӣ беҳтарин вақтҳои инсонӣ.  

Наврасон аз синни 12 то 15 солагӣ дар гузариш аз кӯдакӣ ба наврасиро ҳис намуда, тағйироти босуръати ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва эҳсосиро аз сар мегузаронанд. Қувваи рӯҳонии онҳо меафзояд. Сатҳи нави шуури онҳо боиси парвариши мароқи баланд нисбат ба саволҳои амиқ ва истеъдоду қобилиятҳояшон мегардад. Ба гуфтаи Абдул-Баҳо, “қобилияти мушоҳиданамоӣ васеъ ва амиқтар мешавад” ва қобилиятҳои зеҳнии онҳо “парварида ва ба ҳаракат меояд”. Дар ин 3 соли  давраи кӯтоҳ ва гузариш ғояҳо дар бораи шахсият ва ҷомеа ба миён меоянд, ки метавонанд ҳаёти минбаъдаи худро ташкил диҳанд. Аммо, шавқу завқ аз ин қувваҳои нав аксар вақт бо эҳсоси тарсу ҳарос, нороҳатӣ ва шубҳа, ки метавонад боиси рафтори мухолиф гардад, омехта мешавад. Аз ин рӯ, дар ин синну сол қобилиятҳои нави онҳоро ба хидмати фидокорона барои инсоният равона кардан лозим аст.

Бо ин мақсад лозим аст, ки онҳо таълиму тарбияи дуруст гиранд, вагарна “хислатҳои онҳо дар фазои нафасгиркунандаи худпарастӣ коҳиш хоҳанд ёфт”.

Назарияи баъзеҳо айёми наврасиро дар партави на он қадар мусбат нишон медиҳанд. Тарафдорони ингуна ақидаҳо ин синну солро пур аз ҳаяҷон ва бӯҳронҳо мешуморанд. Чунин фикрҳо ба фароҳам овардани муҳите, ки дар он рафтори номатлуб паҳн мешавад, мусоидат мекунанд. Вале фаҳмиши дурусти ин синну сол чунин аст – ҷавонони беғараз “ҳисси адолатхоҳӣ, кӯшиши ба даст овардани дониши бештар дар бораи Коинот ва хоҳиши саҳмгузории шахсӣ дар сохтани дунёи беҳтар”. Хислатҳои манфие, ки онҳо баъзан нишон медиҳанд, дар асл, барои ин давраи ҳаёти инсон пешакӣ муайян карда нашудаанд.

Ҳикояи як наврас

Солҳои наврасии ман дар маҳалли ҷанубии дурдасти Тоҷикистон гузаштанд. Ин солҳои баъдиҷангӣ буд, зиндагӣ вазнин буд ва падару модарон барои хӯронидани оилаҳояшон бояд бисёр меҳнат мекарданд. Кӯдакон маъмулан ба ихтиёри худ гузошта шуда буданд, машғулияти асосии мо ин дар тӯда “дастаи авбошон” ҷамъ омада, фикри ҳар коре, ки ба сарамон меомад, анҷом додан буд. Ман ташкилкунандаи ҳамаи рафторҳои ношоям будам. Ба мо як нигоҳи беҷо кофӣ буд, то ягон нафарро лату кӯб кунем, ба боғҳои ҳамсояҳо ҳамла оварда онҳоро ғорат мекардем, ҳамаи чизҳои ба назар бесоҳиб намударо ба яғмо мебурдем, ба ҳавлие, ки дар он маросими тӯй баргузор мегардид, тӯда шуда, давида медаромадем ва дастархонҳои оросташударо тороҷ мекардем. Ҳамсоягон, сокинон ва муаллимон лаънат мехонданд ва касе намедонист, ки бо мо чӣ кор кунад.

Аз ӯҳдаи сариштаи мо ҳеҷ кас, ҳатто падару модаронамон баромада наметавонистанд. Чизе ки аз дасти онҳо меомад, бартараф намудани оқибатҳои хунрезӣ ва раҳо намудан аз захмбардориву осебҳо буд, аммо модар худро нотавон ҳис карда, аксар вақт гиря мекард. Мо ба онҳо қасам мехӯрдем, ки дигар бадрафторӣ намекунем, аммо вақте ки мо дар кӯча якдигарро медидем, мо қувватро ҳис мекардему дард нопадид мегашт ва боз ба ҳар гуна кирдоре, ки ба мо қаноатмандӣ меовард, моил мегаштем.

Чунин тарзи ҳаёти мо то соли 2003, замоне ки падару модари ман дар ҷустуҷӯйи кор ба шимоли Тоҷикистон кӯч бастанд, идома ёфт.

Мо ба деҳа, наздиктар ба хешовандони падарам кӯчидем ва модарам аз ман хоҳишу тавалло кард, ки ба таври бояду шояд рафтор кунам, то онҳоро шарманда накунам ва ба модарам ваъда додам, ки бадрафторӣ намекунам, ман аллакай дар бораи ҳаёти ҷолибе, ки маро дар оянда интизор буд, фикр мекардам.

Як бегоҳ амакбачаам назди мо омад ва маро даъват кард, ки ба гурӯҳи наврасон, ки иборат аз наврасони сокини наздикии хонаамон буданд, ҳамроҳ шавам. Волидони ман ба ин аҳамият надодаанд. Дар рӯзи таъйиншуда ман ба назди амакбачаам омадам ва мо ба макони ҷамъомад рафтем.

Духтаре бо чеҳраи кушодаву табассумомез моро дар назди дар пешвоз гирифт ва моро ба хона даъват кард. Вай мураббии роҳнамо буд. Мо шинос шудем ва то ҷамъ шудани наврасон вай аз ман пурсид, вақте калон шавам, кӣ шудан мехоҳам,  ҷидду ҷаҳдамро ба чӣ равона месозам? Бори аввал мешунидам, ки ба ман таваҷҷуҳ мекунанд, хоҳиши кӣ шудани маро мепурсанд, аммо аз ҳама муҳимтар ин тарзи гуфтори ӯ буд, ман ҳис кардам, ки мо дар сатҳи баробар бо ҳам гуфтугӯ мекунем, маро тасхир намекарданд, таҳқиру мазаммат наменамуданд. Ман дӯст пайдо кардам. Ман бо камоли хурсандӣ ба вохӯриҳои наврасон мерафтам, дӯстони зиёд пайдо кардам, онҳо маро ба гурӯҳи худ пазируфтанд, мо нақшаҳои кори хубро анҷом медодем, ҳикояҳо аз саргузашти наврасони ба мо монандро меомӯхтем, мубодилаи афкор намуда, анҷом додани амалҳои худро ба нақша мегирифтем, ман ба дунёи дигар ворид гаштам ва ба дигаргуншавӣ шурӯъ кардам. Падару модари ман тағйирёбиамро медиданд, ҳамсояҳо, бачагон ва муаллимон аз ман шикоят намуданро бас карданд. Модарам дигаргуншавӣ ва майлу рағбати маро нисбат ба омӯзиш дида, ҳамаҷониба маро дастгирӣ мекард.

Вақте ки ҳоло ман дар бораи наврасии худ фикр мекунам, аз тақдир сипосгузорам, ки дар ҳаётам имкон пайдо шуд, то бо мураббии худ, гурӯҳи наврасон, ки зимни гузариш ба ҳаёти калонсолиам нуқтаи мабдаъ гардид, вохӯрам. Ҳанӯз ҳамон вақт, дар 12-солагиям, ман касби ояндаро интихоб кардам, ҳадафи худро медонистам ва барои комёб шудан ба он кӯшиш менамудам.

Ҳоло ман худам падар ҳастам, писари ман ба воя расида истодааст ва ман самимона таманно дорам, ки ӯ бо мураббӣ ва гурӯҳи дӯстонаш вохӯрад ва ҳамроҳи онҳо будан, ҳамаи чизҳои иҳотанамудаи худро омӯхтан, рӯйдодҳои ҷолибро мушоҳида кардан ва андешаҳои муҷаллову дастовардҳояшро бо тамоми ҷаҳон мубодила намудан барояш гуворо гардад…