Молитва.

Дуо ва Муноҷот

Абдул-Баҳо мефармоянд, ки дуо гуфтугӯ бо Худованд аст. Вақте ки мо дуо мехонем, бо Худо сӯҳбат мекунем. Агар касе шахси дигарро аз самими қалб дӯст дорад, орзӯи қалбии ӯ он аст, ки  дар назди маҳбубаш бошад ва бо ӯ сӯҳбат кунад. Дуои мо низ сӯҳбати ошиқона бо Холиқи худ ва Худованди Ягона аст. Дар ҳангоми дуо мо, ки заиф ва нотавон ҳастем, метавонем аз Худованди Муқтадир ва Тавоно, дар ниҳояти илтиҷо  ва илтимос, талаби ёрӣ намоем. Ба василаи дуо ва муноҷот, ки дар ниҳояти хулус ва сафо тиловат  мешавад, мо ба Ҳақ наздик мегардем ва ба Лиқои Илоҳӣ фоиз мешавем.

Расули Худо Ҳазрати Мухаммад фармудаанд, намоз мисли нардбонест, ки осмонҳову заминро мепайвандад ва ба воситаи  он мо ба биҳишт расида метавонем.

Мо медонем, ки Худо моро офаридааст. Ӯ Доно ва Хирадманд аст! Ӯ медонад, ки мо чӣ мехоҳем ва ба чӣ ниёз дорем. Пас чаро мо бояд дуо хонем? Худо ба дуои мо ниёз надорад, аммо тараққии руҳи мо аз дуо вобаста аст, чунки дуо ғизои руҳ аст. Вақте ки мо дуо мехонем, мо ғизои маънавӣ мегирем. Тавассути пайвандҳои муҳаббат, ки моро ба оламҳои илоҳӣ мерасонад, мо аз файзҳои Худо баҳраманд мегардем. Дуо қобилияти аз неъматҳои маънавӣ шод гардидан ва эҳсос намудани хушбахтии ҳақиқиро дар мо инкишоф медиҳад.

Роҳ ба сӯи Худо рост ва танг аст. Монеаҳои зиёд метавонанд ба мо халал расонанд. Тавассути дуои пурҳарорат, самимона ва мунтазам мо метавонем монеаҳоро бартараф кунем ва ба роҳнамоӣ ноил гардем. Дуо ба мо ёрӣ мерасонад ба сӯи Худо ҳаракат кунем ва аз дидгоҳи сарнавишти махсусамон маҳрум нашавем. Маҳз барои ҳамин мо бояд ҳамеша дуо хонем, то ба воситаи муҳаббат ба Худо руҳи мо инкишоф ёбад ва тавонманд гардад, то мо роҳи хушбахтии абадиро бо матонат ва собиткадамона паймуда тавонем. Абдул-Баҳо мефармоянд:

“ Олитарин дуоҳои одамон танҳо барои муҳаббат ва ибодат ба Худованд аст, на аз тарс аз Худованд ё аз дӯзах, ё умеди саховат ва осмонҳо… Агар  шахсе ба каси дигар ошиқ мешавад, ӯ номи маҳбуби худро наметавонад зикр накунад…Чи қадр мушкил аст худдорӣ аз зикри Номи Худованд ба шахсе, ки Ӯро дӯст медорад… Шахси руҳонӣ наметавонад аз ҳеҷ чиз ба ҷуз аз ёдоварии Худо шодмон гардад”.