Всемирный Дом Справедливости.

Байт- ул- Адли Аъзам

(соли 1963 таъсис ёфтааст)

Рушди Таълимоти Баҳоӣ дар ҷаҳони имрӯза аз тарафи ҳидояти Байт-ул-Адли Аъзам аст. Дар Китоби Худ Ҳазрати Баҳоуллоҳ ба Байт-ул-Адли Аъзам дастур доданд, ки ба беҳбудии ҳаёти инсонӣ, пешравии соҳаи омӯзиш, сулҳ ва шукуфоии умумиҷаҳонӣ мусоидат кунанд ва шаъну эътибори инсон ва мавқеи динро ҳифз кунанд.

Байт-ул-Адли Аъзам идоракунандаи байналмилалии Баҳоӣ ва Маркази Аҳд ва Мисоқи Ҳазрати Баҳоуллоҳ мебошад. Ҳазрати Баҳоуллоҳ ин муассисаро  дар Китоби Ақдас муқаррар намудаанд. Байт-ул-Адли Аъзам дар ҳайати  нӯҳ узв, ки ҳар панҷ сол аз тарафи намояндагони ҳамаи маҳфилҳои миллии баҳоӣ интихоб мешаванд, фаъолият менамояд. Ҳазрати Баҳоуллоҳ ба Байт-ул-Адли Аъзам мақоми  ҳокимияти илоҳиро бахшиданд, то он ба беҳбудии ҳаёти инсонӣ, ба пешравии соҳаи омӯзиш, сулҳу шукуфоии ҷаҳонӣ, инчунин ба ҳифзи шаъну шарафи инсон ва нигоҳ доштани мақоми дин мусоидат кунад. Байт-ул-Адли Аъзам масъули  татбиқи Таълимоти Баҳоӣ, ки ҳамеша  мувофиқи талаботи ҷомеа дар роҳи рушд қарор дорад, дорои  қудрати ошкор намудани қонунҳо ва масъалаҳо , ки  ба таври возеҳ дар Осори Муқаддаси Таъолим инъикос наёфтаанд. Аз замони интихоботи аввалини худ дар соли 1963 Байт-ул-Адл Аъзам ҷамеаи ҷаҳонии баҳоиро дар инкишофи қобилияташ ҷиҳати иштирок дар бунёди тамаддуни ҷаҳонии мутараққӣ раҳнамоӣ намуда истодааст. Дастуроти Муқаддаси  Байт-ул-Адли Аъзам пешниҳод мекунад, ки ҷомеаи баҳоӣ  ваҳдати афкор ва амалро муттаҳид намояд.

“Азбаски ҳар рӯз ташвиши худро дорад ва барои ҳар ташвиш ҳалли дурусте вуҷуд дорад, ин гуна умур ба зиммаи Хонаи Адл вогузор карда шудаанд, то аъзои он мувофиқи ниёзмандиҳо ва дархостҳои замона амал кунанд”.

Баҳоуллоҳ