Воспитание детей

Тарбияи кӯдакон

Ба инсон, ба монанди коне, ки дорои чавоҳироти бебаҳо аст, нигоҳ кун. Ба воситаи тарбият ҷавоҳири он намоён шавад ва олами инсонӣ аз он баҳра барад.

Баҳоуллоҳ

Муҳимтарин ниёзи замони мо ин омӯзиш аст. Ҳеҷ миллате наметавонад ба шукуфоӣ ноил гардад, агар омӯзишро дар мадди назари худ қарор надиҳад. Сабаби асосии таназзули халқҳо дар ҷоҳилияти онҳо мебошад. Таълимот боиси эҳтиром, некуаҳволӣ, истиқлолият ва озодии ҳукумати кишвар ва мардуми он мегардад. Таълимот бояд аз давраи кӯдакӣ ба роҳ монда шавад. Вазифаи падару модар аз он иборат аст, ки бо тамоми воситаҳо таълиму тарбияи фарзандонашонро амалӣ намуда, хислатҳояшонро мувофиқи қонунҳои маънавӣ ва ахлоқӣ такмил диҳанд ва ба онҳо санъату илмҳоро омӯзонанд. Модарон аввалин тарбиятдиҳандагони инсоният мебошанд; онҳо ба кӯдакон аз гаҳвора ғамхорӣ мекунанд ва онҳоро бо шири дониш ғизо медиҳанд. Ҳар як кӯдак бояд таълиму тарбия дида бошад; инро набояд сарфи назар кард.

Таълим бояд хоҳиши ҳар  инсонро барои ба камолот ноил гаштан инкишоф диҳад. Ҳар як шахс бояд аз камолоти инсонӣ лаззат барад ва ҳама бояд ба он саъй кунанд. Инсон бояд кӯшиш намояд, то маънавиётро ба дараҷаи фавқулодда ба даст орад ва бо самимият, садоқат, хизмат ба инсоният, муҳаббат ва адолат шинохта шавад. Вай бояд ҷидду ҷаҳд кунад, то дар роҳи сохтани сулҳу ваҳдат ва густариши таълим бо саъю кӯшиши хоси худ фарқ намояд. Роҳнамоии одамон дар ин роҳ вазифаи ҳақиқии таълим аст.

Ҳидояти инсон дар ин роҳ  мақсади аслии таълим ва тарбият аст.