Бахаулла.

Ҳазрати Баҳоуллоҳ

(1817-1892)

Ҳазрати Баҳоуллоҳ – “Шукӯҳ ва Ҷалоли Худованд” ҳамон Ваъдашудае мебошанд, ки Ҳазрати Боб ва тамоми Паёмбарони Илоҳии гузашта аз омаданашон башорат дода буданд. Ҳазрати Баҳоуллоҳ Мазҳари Зуҳури нави Илоҳӣ барои башарияти имрӯзаанд. Ҳазорон осор, алвоҳ, паёмҳо ва китобҳо аз қаламашон нозил шуданд.   Ҳазрати Баҳоуллоҳ дар Осорашон нақшаи умумии рушди тамаддуни ҷаҳониро, ки ҳам ҷанбаҳои маънавӣ ва ҳам моддии ҳаёти инсонро дар назар мегиранд, тарҳрезӣ фармудаанд.

Дар тӯли таърих дин қувваи асосии пешбаранда ва маркази тарбияи хислатҳои инсонӣ буд ва дар пайравон худинтизомӣ, вафодорӣ ва қаҳрамониро зоҳир менамуд.  Бисёре аз принсипҳои  ахлоқи динӣ ба меъёрҳои ҳуқуқии ҳамагонӣ ва ривоҷ додани муносибатҳои инсониро дар сатҳи иҷтимоӣ танзиму нексиришт месозанд.

Вақте ки Паёмбари Худо зоҳир мешавад, чораҳои бештари илҳом барои марҳилаи навбатии бедорӣ ва пешрафти инсоният дар ҷаҳон, озод мешаванд. Вуҷуди инсон, ки дар ҳама муносибатҳои оддӣ зоҳир мешавад метавонад Муждадиҳандаи Худо гардад. Мо, ҳазрати Мусои дар назди Бутаи Ҳамешасӯз воистодаро; ҳазрати Буддои дар зери Дарахти Бодхи аз нури маърифат баҳрагирандаро; Рӯҳулқудси ба сурати кабӯтаре бар Исо нозил шударо ё малаки муқарраби Ҷабраили пешорӯйи ҳазрати Муҳаммад падидомадаро, ба ёд меорем.

Дар миёнаи асри 19, Худо Баҳоуллоҳро, ки маънояш “Шукӯҳ ва Ҷалоли Худо” мебошад, даъват намуд, то ба инсоният Ваҳйи навро расонад. Дар давоми чор даҳсол ҳазорҳо  Осор ва Алвоҳ, номаҳо, рисолаву китобҳо аз Қаламашон падид омад. Дар Осори Худ, нақшаи умумии рушди тамаддуни ҷаҳониро мавриди назар қарор доштанд, ки ҳам ҷанбаҳои маънавӣ ва ҳам моддии ҳаёти инсониро фаро мегирад.

“Ҳеҷ гоҳ Ман  ба қудрати ҷаҳонӣ даъво накардаам. Ҳадафи ягонаи Ман ба мардум расондани он чизе буд, ки Худо  ба Ман фармудааст …”

Баҳоуллоҳ

Ҳазрати Баҳоулло барои ба инсоният расонидани Паёми охирини Худованд, 40 соли зиндон, шиканҷа ва асириро аз сар гузарониданд. Ҳаёт ва Рисолати Ҳазрати Баҳоуллоҳ бештару бештар дар тамоми олам маъруф шуда истодааст. Миллионҳо одамон Таълимоти Баҳоуллоҳро дар ҳаёти худ ва дар ҷомеаи худ баҳри беҳтар сохтани ҷаҳон ба кор мебаранд.

“Таълимоти Баҳоуллоҳ … то ба имрӯз олитарин ва холистарин шакли таълимоти  диниро ба мо тақдим мекунад …”

Нависандаи рус Лев Толстой