Баб.

Ҳазрати Боб

(1819-1850)

Ҳазрати Боб  Башоратдиҳандаи Таълими Баҳоӣ мебошанд. Дар миёнаи асри 19 Ҳазрати Боб эълон карданд, ки Паёмро барои тағйир додани ҳаёти маънавии инсоният оварданд. Рисолати Ӯ аз омода кардани роҳ барои омадани Паёмбари ояндаи Худованд, ки ба  даврони сулҳу адолат асос мегузорад, иборат буд.

Дар миёнаи асри 19 – яке аз давраҳои пурталотуми  ҷаҳонӣ як тоҷири ҷавон эълом кард, ки Паёми Ӯ  ҳаёти маънавӣ ва иҷтимоии башариятро табдил медиҳад. Дар ҳоле, ки Эрон рукуди густурдаи маънавиро аз сар мегузаронд, Паёми Ӯ ҳаяҷон ва умедро дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеа бедор карда, ба зудӣ ҳазорон пайравонро ҷалб намуд.  Унвони “Боб” дар забони арабӣ “дарвоза” аст.

Дастуруламали маънавии Ҳазрати Боб додашуда, воқеан инқилоби маънавие буд, ки ба бозсозии ахлоқӣ даъват намуда, беҳбудии вазъи занон ва фақиронро дар  назар мегирифт. Дар айни замон, Дини мустақили Худро таъсис доданд ва пайравонашонро барои  дигаргунсозии ҳаёт ва амалҳои бузурги қаҳрамонона илҳом мебахшиданд.

Ҳазрати Боб эълон карданд, ки инсоният дар арафаи давраи нав истодааст. Рисолати Ҳазрати Боб, ки ҳамагӣ шаш сол давом дошт, барои омода намудани роҳи Паёмбари ваъдадодашудаи тамоми динҳои ҷаҳонӣ буд ва давраи сулҳ ва адолатро оғоз медод.

«Ҳаёти Ӯ яке аз барҷастатарин намунаҳои шуҷоат аст, ки башарият ба диданаш мушарраф гардидааст…»

“Ба ифтихори Ҳазрати Боб” Нависандаи асри 19-и Фаронса А.Л.М. Николас

(A.L.M.Nicolas)