Абдул-Баха.

Ҳазрати Абдул-Баҳо

(1844-1921)

Дар Васиятнома  Ҳазрати Баҳоуллоҳ писари аршади Худ, Ҳазрати Абдул-Баҳоро тафсиркунандаи Таълимоти Худ ва Маркази  Аҳду Паймони Илоҳӣ  таъйин карданд. Дар тамоми шарқу ғарб ҳазрати Абдул-Баҳо – намунаи Аълои Таълими Баҳоӣ, ҳамчун Сафири сулҳ ва шахсе, ки дар Он тамоми фазилату неккирдорӣ таҷассум ёфтаанд, маъруф ва муътабар гаштанд.

Дар оғози асри 20, Ҳазрати Абдул-Баҳо писари аршади Ҳазрати Баҳоулло, Намунаи Аълои Дини Баҳоӣ – тарафдорӣ  адолати иҷтимоӣ ва сафири сулҳи ҷаҳонӣ машҳур шуданд. Асли Таълимоти Ҳазрати Баҳоуллоҳ ваҳдат аст, барои ҳамин  тадбирҳои заруриро таъсис карданд, то ки дини Илоҳӣ ҳаргиз монанди замонҳои пеш, дучори ҷудоиандозӣ, тафриқаву парокандагӣ шуданро, пас аз даргузашти Асосгузорони худ,  аз сар нагузаронад.  Ҳазарати Баҳоуллоҳ дар Осори Худ  ба ҳама эълон фармуданд, ки ба Ҳазрати Абдул-Баҳо ҳамчун тафсиркунанадаи таълимоти Худ ва Намунаи Аълои ҳаёт ва руҳи Баҳоӣ, рӯй оваранд.

Пас аз даргузашти ҳазрати Баҳоуллоҳ сифатҳои барҷастаи Ҳазрати Абдул-Баҳо, дониш  ва хизматҳояшон ба инсоният, Таълимоти Ҳазрати Баҳоуллоҳро возеҳ ва  равшан дар амал нишон дод ва ба ҷомеаи дар сартосари ҷаҳон босуръат густаришёбанда  эътибори бузург овард. Ҳазрати Абдул-Баҳо хидмати Худро барои пешравии Таълими Падари Бузургвори Худ ва густариши армонҳои сулҳу ваҳдат бахшиданд. Ҳазрати Абдул-Баҳо таъсиси ҷомеаи маҳаллии баҳоиро тарғибу ташвиқ намуда, иқдомоти навро дар соҳаҳои омӯзишӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро роҳнамоӣ менамуданд. Пас аз озодшудан аз ҳабси якумра, Ҳазрати Абдул-Баҳо силсилаи сафарҳоро ба Миср, Аврупо ва Амрикои Шимолӣ анҷом доданд. Ҳазрати Абдул-Баҳо тамоми умри Худ, дастуроти Ҳазрати Бахаулуллоҳро барои эҳёи маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа бо соддагии беназир ба одамони гуногунмартаба  пешкаш мекард.

Ҳар касе, ки бо Ӯ муошират мекунад, Ӯро ҳамчун як шахси бениҳоят омӯзишдидае, ки суханонашон мафтункунанда, нафаре, ки ақлу ҷонҳоро ба худ ҷалб мекунад ва касе, ки Худро пайрави содиқи имон ба ваҳдати инсоният намудаанд, дармеёбад.

Рӯзномаи  “Ал-Муайяд” (Al-Mu’ayyad), Миср,  16 октябри соли 1910.